Сохтмони терминали Дӯстӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арафаи анҷомёбист

ASIA-Plus



Сохтмони терминали наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ дар назди дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ»- и Раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Турсунзода рӯзҳои наздик пурра ба итмом расонида мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҶТ, сохтмони иншооти мазкур 3- уми майи соли 2014 оғоз гардида, ягона терминале ба шумор хоҳад рафт, ки ба тамоми талаботҳои муосири байналмилалӣ ҷавобгӯ хоҳад буд.

«Терминали «Дӯстӣ» ба соҳибкорон шароити мусоид фароҳам меоварад, то ки расмиёти гумрукии молу воситаҳои нақлиётро дар муддати кӯтоҳ ва бехароҷоти зиёдатӣ дар як ҷо анҷом диҳанд», – таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, масоҳати қаламрави терминал 5 гектарро фаро гирифта, он аз якчанд бино, аз ҷумла бинои дуошёнаи маъмурӣ барои гумрукчиён, ошхона, меҳмонхона, хобгоҳ барои ронандагон (беш аз 200 нафар бо ҷойи хоб таъмин карда мешаванд), анбори нигаҳдории маҳсулот, сардхона, ҷойи махсус барои таъмири мошинҳо, таваққуфгоҳ, нуқтаи мубодилаи асъор, нуқтаҳои воситаҳои нақлиёти боркаш ва сабукрав, тарозуи рақамӣ, ҳавзи оташнишонӣ, нуқтаҳои алоҳидаи шустушӯӣ (душ), қаҳвахона, нуқтаи тиббӣ, ҳавзи шиноварӣ ва истгоҳи обтаъминкунӣ иборат аст.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.