Фурудгоҳҳои Русия ба бозрасии ҳамаҷонибаи мусофирон уҳдадор мешаванд

Мансабдорони Русия тасмим гирифтаанд, ки сарфи назар аз сатҳи хатари террористӣ, тамоми фурудгоҳҳои кишварро ба бозрасии ҳамаҷониба (тоталӣ)-и мусофирон уҳдадор созанд. Хабаргузории Газета. ру. дар ин робита менависад, айни замон бозрасии мусофирон бар асоси ҷорӣ шудани сатҳи баланди бехатарӣ дар соли 2011 гузаронида шуда, аммо дар сурати паст шудани сатҳи он ҳам, хадамоти дахлдор ба […]

ASIA-Plus



Мансабдорони Русия тасмим гирифтаанд, ки сарфи назар аз сатҳи хатари террористӣ, тамоми фурудгоҳҳои кишварро ба бозрасии ҳамаҷониба (тоталӣ)-и мусофирон уҳдадор созанд.

Хабаргузории

Газета. ру.

дар ин робита менависад, айни замон бозрасии мусофирон бар асоси ҷорӣ шудани сатҳи баланди бехатарӣ дар соли 2011 гузаронида шуда, аммо дар сурати паст шудани сатҳи он ҳам, хадамоти дахлдор ба азназаргузаронии ҳамаи бошандагони фурудгоҳ идома медиҳанд.

Гуфта мешавад, Вазорати нақлиёти Русия тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоиро таҳия намудааст, ки мутобиқи он фурудгоҳҳо ба бозрасии мукаммали мусофирон ва бағочи онҳо зимни воридшавӣ ба фурудгоҳ вазифадор карда мешаванд.

Дар Вазорати нақлиёти ин кишвар таҳия шудани чунин тағйиротро тасдиқ намуда, таъкид доштаанд, ки «дар сурати аз ҷониби шахс рад шудани бозрасӣ дар даромадгоҳи фурудгоҳ, вуруд ба бинои фурудгоҳ барои ӯ иҷозат дода намешавад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.