Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа аз 17 то 20 апрел ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои як манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни сафар ва дидору гуфтушунидҳои Н.Бордюжа бо раҳбарияти кишвар ва намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистон масоили кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими марзи давлатӣ бо Афғонистон баррасӣ мешаванд.
Доир ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва дигар нуқтаҳои доғи ҷаҳон ва ҳамчунин оид ба масоили тақвияти муборизаи муштарак алайҳи густариши терроризм, ифротгароӣ, дигар таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ табодули назар сурат мегирад.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, рӯзҳои 20-22 апрел намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан ба Душанбе ташриф оварда, зимни сафари ӯ масоили марбут ба ҷараёни амалисозии Созишноми шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, Стратегия ИА дар Осиёи Марказӣ ва Барномаи бисёрсодаи индикативӣ барои солҳои 2014-2010 мавриди барррасӣ қарор мегиранд.
Қобили зикр аст, ки дар барномаи зикршуда ҷалби 251 млн. евро барои амалисозии лоиҳаҳои сершумор дар бахшҳои маорифу тандурустӣ ва рушди деҳоти Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.





