Нахустин ҷаласаи мушовараи якҷояи ВКД Тоҷикистону Қирғизистон дар Суғд

Рӯзҳои 15-16 апрели соли равон дар шаҳри Гулистони (собиқ Қайроққум) вилояти Суғд нахустин ҷаласаи мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир мегардад. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ин ҷаласа тибқи Фармоиши муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 3-юми июни соли 2015 баргузор мешавад. Зимни ҷаласа баррасии масоили […]



Рӯзҳои 15-16 апрели соли равон дар шаҳри Гулистони (собиқ Қайроққум) вилояти Суғд нахустин ҷаласаи мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир мегардад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ин ҷаласа тибқи Фармоиши муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 3-юми июни соли 2015 баргузор мешавад.

Зимни ҷаласа баррасии масоили таҳкими ҳамкориҳо миёни мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар, муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккилона ва табодули таҷриба дар самти ислоҳоти милитсия дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки ҳайати кишвари ҳамсоя таҳти сарварии вазири корҳои дохилии Қирғизистон Мелис Турганбаев аллакай ба шаҳри Гулистон ташриф оварда, дар ин ҷо мулоқоти вазирони корҳои дохилии ҳарду кишвар Мелис Турганбаев ва Рамазон Раҳимзода баргузор шуд ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки равобит ва муносибатҳои дуҷонибаи ниҳодҳои қудратии ҳарду давлат боз ҳам равнақу густариш хоҳанд ёфт.

Дар навбати худ Мелис Турганбаев изҳор дошт, ки итминони комил дорем, ҳамкориҳои судманд ва рушди муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ҳамсоя баъди баргузории Мушовараи якҷоя боз ҳам тақвият меёбанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.