Суди Русия навори видеои «Командир ОМОН Таджикистана»-ро манъ кард

Суди ноҳияи Октябри шаҳри Владимир даъвои прокурори шаҳрро оид ифротгароӣ эътироф намудани маводи дар шабакаи Интернет интишоршудаи «Popeye Mosh Crew», «xWhite Brothersx», «О Умма! Проснись!», наворҳои видеоии «Камандир амон таджикистан», «Точики мучохидин», «Истинный мусульманин генерал», «Сирия Халифат. Победа Близка», «Мощное дуа Мухаммада Люхайдана за муджахидов», «Россия» под музыку Коловрат – Слава России!..» қонеъ намуда, паҳн […]



Суди ноҳияи Октябри шаҳри Владимир даъвои прокурори шаҳрро оид ифротгароӣ эътироф намудани маводи дар шабакаи Интернет интишоршудаи «Popeye Mosh Crew», «xWhite Brothersx», «О Умма! Проснись!», наворҳои видеоии «Камандир амон таджикистан», «Точики мучохидин», «Истинный мусульманин генерал», «Сирия Халифат. Победа Близка», «Мощное дуа Мухаммада Люхайдана за муджахидов», «Россия» под музыку Коловрат – Слава России!..» қонеъ намуда, паҳн кардани онҳо ва ҳамчунин дубора истеҳсол ё нигаҳдории онҳо бо мақсади таблиғ дар қаламрави Русияро манъ кард. Дар ин бора портали хабаргузории Новости 33


иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ин даъво бар асоси натиҷаҳои санҷиши прокурорӣ, аз ҷумла хулосаҳои ташхис ва таҳқиқ пешниҳод шуда, коршиносони соҳаи забоншиносӣ эътироф кардаанд, ки ин мавод дорои аломатҳои ифротгароӣ, намоиши рамзҳои манъшуда, даъватҳо ба амалисозии фаъолияти ифротгароӣ ва террористӣ мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд, нусхаҳои мавод ҷиҳати бо тартиби муқарраршуда ба феҳристи федералии маводи ифротгаро шомил кардан ба Вазорати адлияи Русия ирсол мегардад.

Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимови 40-сола ахири моҳи апрели соли 2015 бедарак шуд. Ӯ дар ҷойи кор пайдо нашуда, макони будубошаш ҳам ба касе маълум набуд. Расо баъди як моҳ полковник аз худ дарак дод. Дар шабака навори видеоии 12-дақиқаинаи муроҷиати Ҳалимов бо забони русӣ интишор шуд.

Дар ин навор

ӯ ҳикоят кард

, ки ба нишони эътироз алайҳи тарзу усулҳои кор дар ВКД ба сафи «Давлати исломӣ» пайвастааст. Ӯ ҳамчунин доир ба омодагӣ ва омӯзишаш дар давраҳои таълимӣ дар ИМА низ маълумот дода буд.

Қобили зикр аст, ки нисбат ба полковник дар Тоҷикистон мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.