Сафир алоқаи Русия бо толибонро рад кард

Сафири Русия дар Афғонистон Александр Мантиский изҳор доштааст, ки иддаъоҳои робитаҳои эҳтимолии Русия бо намояндагони ҳаракати Толибон асоси воқеӣ надошта, Русия ҳукумати қонунии Афғонистонро дастгирӣ мекунад. Зимни нишасти хабарии рӯзи 25 апрел сафир дар ин робита қайд кардааст, ки пештар аз перомуни ҳамкорӣ доштани Русия бо толибон бо мақсади мубориза бо Давлати исломӣ гузоришҳое мунташир […]

ASIA-Plus



Сафири Русия дар Афғонистон Александр Мантиский изҳор доштааст, ки иддаъоҳои робитаҳои эҳтимолии Русия бо намояндагони ҳаракати Толибон асоси воқеӣ надошта, Русия ҳукумати қонунии Афғонистонро дастгирӣ мекунад.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 25 апрел сафир дар ин робита қайд кардааст, ки пештар аз перомуни ҳамкорӣ доштани Русия бо толибон бо мақсади мубориза бо Давлати исломӣ гузоришҳое мунташир шуда буданд. «Мо бо толибон ҳеҷ умумияте надорем», – зикр кардааст А.Мантиский.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, айни замон миёни Маскав ва Кобули расмӣ оид ба таъмини нерӯҳои ин кишвар бо чархболҳои Ми-17 гуфтушунид идома дорад.

«Афганистан.ру» дар мавриди ин масъала менависад, соли гузашта дар вохӯрии президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои афғонии худ Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оид ба чархболҳои зикршуда тавофуқ ҳосил шуда буд.

Қаблан намояндаи махсуси президенти Русия дар Афғонистон Замир Кобулов изҳор дошта буд, ки агар Толибон шартҳои созишу ризоияти миллӣ: хотима бахшидан ба ҷанг, қатъи робита бо «Ал-Қоида» ва қабули Конститутсияи Афғонистонро бипазиранд, Русия омода аст, ки дигар Толибонро созмони террористӣ нашуморад.

Ба андешаи Кобулов, айни ҳол «ҳадафҳои барномавӣ»-и толибон тағйир ёфта, аз ин рӯ, бозбинии мақоми онҳо низ имконпазир аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.