Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот дар ин шаҳр иштирок мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти энергетикии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани зеристгоҳи барқии шиддати 500 кВ барои нерӯгоҳи Роғун дар назар аст.
Дар ин маросим ҳамчунин вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода ва мудири тиҷоратии минтақавии GE Grid Solutions Ҷузеппе Соттеро низ ҳузур хоҳанд дошт.
Лоиҳа дар доираи гранти ҷудошудаи Бонки осиёгии рушд ба маблағи беш аз 30 млн. евро амалӣ шуда, нахустин зеристгохи барқии 500 кВ чунин навъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.



