Эмомалӣ Раҳмон розигии парлумон ба таъини омбудсмени кӯдаконро дархост кард

Аваз Юлдошев



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба таъини Раҷабмоҳ Бадриддинова ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон пешниҳод ирсол кард.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз доир мегардад, ин масъала баррасӣ хоҳад шуд. Раҷабмоҳ Бадриддинов айни замон дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон машғули кор аст.

Ғайр аз ин, президенти мамлакат аз вакилон дархост кардааст, ки барои таъини Азими Зафар ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон розигӣ диҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...