Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири Покистон Навоз Шариф, раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло ва нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков маросими расмии оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 доир мегардад.
Арзиши умумии лоиҳа беш аз 1 млрд. 86 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Хароҷоти амалисозии лоиҳа тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон – 314 млн., Қирғизистон – 209 млн., Афғонистон – 354 млн. ва Покистон – 209 млн. доллари ИМА.
Ба ҷуз Қирғизистон, ҳамаи кишварҳои узви лоиҳа маблағҳои сармоягузорӣ дарёфт намудаанд. Қирғизистонро зарур аст, ки боз ба таври иловагӣ 58 млн. доллари ИМА дарёфт кунад.
Бино ба маъулмоти котиботи CASA-1000, амалисозии лоиҳа ба интиқоли барқи зиёдатӣ дар мавсими тобистон аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон имкон медиҳад, ки дар ин давра аз нерӯи барқ танқисӣ мекашанд.
Лоиҳа аз таркибҳои мушкили техникӣ, аз ҷумла сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқи шиддати доимӣ ва тағйирёбанда, зеристгоҳҳои табдили шиддати барқ (конверторӣ) ва зербинои дахлдор иборат буда, яке аз иншооти муҳими зербиноӣ зеристгоҳҳои табдили шиддати барқи иқтидори 1300 МВт мебошад, ки якеаш дар Тоҷикистон ва дигарӣ дар Покистон сохта мешавад.
Дар сурати амалӣ шудани лоиҳа, ҳамасола аз давраи моҳи апрел то моҳи октябр интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 3 млрд. кВт/соат ва Қирғизистон 2 млрд. кВт/соат ба Афғонистону Покистон дар назар аст.
Ҳаҷми аввали интиқоли нерӯи барқ тариқи ин хат аллакай соли 2018 ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳа муддати 4 сол – соли 2010 пурра амалӣ мешавад.





