Маросими оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири Покистон Навоз Шариф, раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло ва нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков маросими расмии оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 доир мегардад. Арзиши умумии лоиҳа беш аз 1 млрд. 86 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Хароҷоти амалисозии лоиҳа тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон – […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири Покистон Навоз Шариф, раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло ва нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков маросими расмии оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 доир мегардад.

Арзиши умумии лоиҳа беш аз 1 млрд. 86 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Хароҷоти амалисозии лоиҳа тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон – 314 млн., Қирғизистон – 209 млн., Афғонистон – 354 млн. ва Покистон – 209 млн. доллари ИМА.

Ба ҷуз Қирғизистон, ҳамаи кишварҳои узви лоиҳа маблағҳои сармоягузорӣ дарёфт намудаанд. Қирғизистонро зарур аст, ки боз ба таври иловагӣ 58 млн. доллари ИМА дарёфт кунад.

Бино ба маъулмоти котиботи CASA-1000, амалисозии лоиҳа ба интиқоли барқи зиёдатӣ дар мавсими тобистон аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон имкон медиҳад, ки дар ин давра аз нерӯи барқ танқисӣ мекашанд.

Лоиҳа аз таркибҳои мушкили техникӣ, аз ҷумла сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқи шиддати доимӣ ва тағйирёбанда, зеристгоҳҳои табдили шиддати барқ (конверторӣ) ва зербинои дахлдор иборат буда, яке аз иншооти муҳими зербиноӣ зеристгоҳҳои табдили шиддати барқи иқтидори 1300 МВт мебошад, ки якеаш дар Тоҷикистон ва  дигарӣ дар Покистон сохта мешавад.

Дар сурати амалӣ шудани лоиҳа, ҳамасола аз давраи моҳи апрел то моҳи октябр интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 3 млрд. кВт/соат ва Қирғизистон 2 млрд. кВт/соат ба Афғонистону Покистон дар назар аст.

Ҳаҷми аввали интиқоли нерӯи барқ тариқи ин хат аллакай соли 2018 ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳа муддати 4 сол – соли 2010 пурра амалӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.