Э.Раҳмон: Тоҷикистон ба рушди босуботи ҳамкориҳо бо Қирғизистон ҳавасманд аст

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 май сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбековро, ки ҳайати ҳукумати кишварашро дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшидати барқи КАСА-1000 роҳбарӣ менамояд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба рушди босуботи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки асоси […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 май сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбековро, ки ҳайати ҳукумати кишварашро дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшидати барқи КАСА-1000 роҳбарӣ менамояд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба рушди босуботи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки асоси онро робитаҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстию ҳамҷавории бардавом ташкил медиҳанд, ҳавасманд буда, барои ба сатҳи сифатан нав расондани ин ҳамкорӣ аз тамому имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.

Тавре таъкид шуд, оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшидати барқи КАСА-1000 дар муносибатҳои минтақавии байнидавлатӣ, бахусус дар раванди рушди ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Қирғизистон нақши созанда гузошта барои таҳкими муносибатҳои дӯстона дар дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ заминаҳои созгор фароҳам меоварад.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба роҳҳои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои тиҷорату савдои байнидавлатӣ, истифодаи пурраи имконоти нақлиётиву транзитии ҳар ду давлат ва иштироки фаъол дар раванди таъмини амнияту бехатарии минтақавӣ изҳори назар карданд.

Ҳавасмандии ҳарду ҷониб ҳамчунин доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ баён гардида нақши фаъоли ҳар ду давлат дар татбиқи лоиҳаҳои дигари дорои аҳамияти минтақавӣ махсус таъкид шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.