Душанбе ва Исломобод дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шарифро, ки барои иштирок дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшидати барқи КАСА-1000 бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот аз раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амният,фарҳанг ва […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шарифро, ки барои иштирок дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшидати барқи КАСА-1000 бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот аз раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амният,фарҳанг ва илму маориф, ки ояндаи онҳо самарабахш арзёбӣ гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Тавре таъкид гардид, заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории гуногунҷабҳаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Покистон дар 50 санади байниҳукуматию байниидоравӣ таҷассум ёфта асоси рушди муносибатҳои байнидавлатиро дар ҳама соҳаҳо таъмин менамоянд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки талошҳои ҳар ду кишвар барои расидан ба мақсадҳои манфиатбор дар роҳи татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 самараи нек ба бор оварда дар рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши муассир мегузорад.

Дар мулоқот барқарор гардидани робитаҳои мустақими ҳавоӣ дар хатсайри Душанбе-Лоҳур муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардида барои таъмини бозорҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон бо меваю сабзавоти тару тоза ва хушкмеваҳо аз Тоҷикистон изҳори омодагӣ карда шуд.

Ҳарду ҷониб доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ,таҳккими робитаҳои нақлиётию транзитӣ, расидан ба натиҷаҳои баланди ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои дигари афзалиятноки энергетикӣ ва роҳу нақлиётӣ, иштирок дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва рушди муносибатҳои манфиатбор дар соҳаҳои кишоварзию тандурустӣ табодули афкор намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.