Тағйирот ба қонун дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ



Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи шартномаҳои байнулмилалии Тоҷикистон» дар назар аст.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин баррасии масоили марбут ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016», «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» ва «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» низ ба нақша гирифта шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки  Шӯрои парлумон имрӯз ҳамчунин масъалаи тасдиқи Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Шоҳигарии Арабистни Саудӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткориро низ баррасӣ мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное