Таъини сафирони нав дар Ӯзбекистону Қирғизистон



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 май як қатор фармонҳоро ба имзо расонид, ки мутобиқи онҳо дар ҳайати дипломатии ҷумҳурӣ як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони президент Олим Раҳимов бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон озод карда шуда, акнун собиқ муовини сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Суҳроб Олимзода ба ин мансаб таъин шуд.

Дар кишвари дигари ҳамсояи Ӯзбекистон низ сафири Тоҷикистон иваз шуда, бо фармони президент Имомӣ Содиқ Ашурбойзода ба ин мансаб таъин гардид.

Ҳамчунин бо фармонҳои президенти мамлакат Муҳаммадӣ Музаффар Мунаварзод сафири Тоҷикистон дар Малайзия, Шарифзода Юсуф Тоҳир сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ва Шарифӣ Баҳодур сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъин шуданд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва ҳамзамон Малайзияро Музаффар Ҳусейнов бар дӯш дошт, ки моҳи марти соли равон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд.

spot_imgspot_img

Популярное