Таъини сафирони нав дар Ӯзбекистону Қирғизистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 май як қатор фармонҳоро ба имзо расонид, ки мутобиқи онҳо дар ҳайати дипломатии ҷумҳурӣ як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони президент Олим Раҳимов бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон озод карда шуда, акнун собиқ муовини […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 май як қатор фармонҳоро ба имзо расонид, ки мутобиқи онҳо дар ҳайати дипломатии ҷумҳурӣ як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони президент Олим Раҳимов бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон озод карда шуда, акнун собиқ муовини сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Суҳроб Олимзода ба ин мансаб таъин шуд.

Дар кишвари дигари ҳамсояи Ӯзбекистон низ сафири Тоҷикистон иваз шуда, бо фармони президент Имомӣ Содиқ Ашурбойзода ба ин мансаб таъин гардид.

Ҳамчунин бо фармонҳои президенти мамлакат Муҳаммадӣ Музаффар Мунаварзод сафири Тоҷикистон дар Малайзия, Шарифзода Юсуф Тоҳир сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ва Шарифӣ Баҳодур сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъин шуданд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва ҳамзамон Малайзияро Музаффар Ҳусейнов бар дӯш дошт, ки моҳи марти соли равон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.