«Корвони тиҷоратии Покистон» ба Душанбе омад

Як ҳайати сершумори тоҷирону соҳибкорони Покистон ба пойтахти Тоҷикистон ташриф оварданд. Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) хабар доданд, ки дар доираи ин сафар дар Душанбе намоишгоҳи дурӯзаи «Корвони тиҷоратии Покистон», «Ҷашнвораи МАНГО», форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Покистон ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад. Рӯзҳои 24-25 май дар меҳмонхонаи «Ҳайят Риҷенси» намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои […]



Як ҳайати сершумори тоҷирону соҳибкорони Покистон ба пойтахти Тоҷикистон ташриф оварданд.

Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) хабар доданд, ки дар доираи ин сафар дар Душанбе намоишгоҳи дурӯзаи «Корвони тиҷоратии Покистон», «Ҷашнвораи МАНГО», форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Покистон ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад.

Рӯзҳои 24-25 май дар меҳмонхонаи «Ҳайят Риҷенси» намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои соҳаҳои саноати сабук, истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмон, доруворӣ, сарулибосу таҷҳизоти варзишӣ ва дигар маҳсулоти Покистон баргузор шуда, миёни соҳибкорону тоҷирони покистониву тоҷик дидору гуфтушунидҳо гузаронида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир Покистон ҳаҷми савдо бо Тоҷикистонро тавсеъа бахшида, он ба афзоиши ҳаҷми муомилоти дуҷониба мусоидат кард. Соли 2011 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Покистон ҳамагӣ 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, аллакай соли 2014 ҳаҷми он то ба 89 млн. доллари ИМА расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.