Мавзуна Чориева аз шонси дарёфти роҳхати олимпӣ маҳрум шуд

Муштзани машҳури тоҷик Мавзуна Чориева дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Остонаи Қазоқистон ҷараён дорад, бегоҳи 21 май дар даври дувум дар вазни то 60 кило аз рақибаш Яна Алексеевна аз Озарбойҷон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Мавзуна дар даври муқаддамотӣ бар Вен-Линг Чен аз Тайван бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, […]



Муштзани машҳури тоҷик Мавзуна Чориева дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Остонаи Қазоқистон ҷараён дорад, бегоҳи 21 май дар даври дувум дар вазни то 60 кило аз рақибаш Яна Алексеевна аз Озарбойҷон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Мавзуна дар даври муқаддамотӣ бар Вен-Линг Чен аз Тайван бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба ин тартиб, Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, аз ҳаққи идомаи мубориза барои роҳхат ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум гашт.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки 19 май дар маҷмааи варзишии «Барис – Арена»-и Остона, пойтахти Қазоқистон, оғоз ёфт, Тоҷикистонро ду варзишгар намояндагӣ карда, ҳарду ноком шуданд.

Муштзани дигари тоҷик Шоира Зулқайнарова дар рӯзи аввали мусобиқа, 19 май, дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 75 кило қувваозмоиро ба рақибаш Сара Шеурихаз Олмон бохт. 43 сония пеш аз хотимаи раунди севум муштзани олмонӣ Шоираро бо зарбаи фаннӣ шикаст дод ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Ба ин тартиб, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқайнарова аз шонси охирини ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 истифода карда натавонистанд.

Ин мусобиқаи пурнуфузтарини ҷаҳонӣ бо ширкати беш аз 300 варзишгар аз 73 кишвар дар пойтахти Қазоқистон то рӯзи 27 май идома хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд мунтахаби Тоҷикистон 12 медал ба даст овард

Александра Кан ба дарёфти медали тиллои мусобиқа даст ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.