Қирғизистон аз фаъолият дар ФБНА даст кашид

Қирғизистон иштироки худро дар фаъолияти Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал (ФБНА) ва мақомоти ӯ қатъ мекунад, зеро ба андешаи муовини аввали нахуствазири ин кишвар, «ин фонд ҷанбаҳои гидроэнергетикии истифодаи об ва талаботи бархе аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба назари эътибор намегирад». Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, муовини аввали нахуствазири ин […]



Қирғизистон иштироки худро дар фаъолияти Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал (ФБНА) ва мақомоти ӯ қатъ мекунад, зеро ба андешаи муовини аввали нахуствазири ин кишвар, «ин фонд ҷанбаҳои гидроэнергетикии истифодаи об ва талаботи бархе аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба назари эътибор намегирад».

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, муовини аввали нахуствазири ин кишвар Динара Кемелова рӯзи 18 май дар ҷаласаи сеюми Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ дар Брюссел дар ин робита изҳор намудааст, ки ислоҳоти фаъолияти ФБНА, ки чандин маротиба аз ҷониби Қирғизистон пешниҳод шуда буданд амалӣ нашуда, дар ин робита Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки фаъолияти худро дар ФБНА ва мақомоти он боздорад.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи мазкур муовини аввали нахуствазири Қирғизистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ҳамчунин ба пешбурди лоиҳаҳои энергетикӣ дар минтақа, аз ҷумла лоиҳаи CASA-1000 ҷалб намудааст.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ оид ба масоили сиёсат ва амният ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ мекунад.

Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал соли 1992 дар шаҳри Нуқуси Ӯзбекистон бо мақсади таҳия ва маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо ва барномаҳои экологӣ ва илмӣ-амалӣ баҳри солимгардонии экологии вазъ дар мавзеъҳои ба фалокати баҳри Арал гирифторшуда ва ҳамчунин ҳаллу фасли мушкилоти умумии иқтисодиву иҷтимоии минтақа таъсис дода шуд.

Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон муассисони Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал мебошанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.