Боздошти 2 сокини Суғд зимни фурӯши беш аз 16 кило симоб

Ду нафар марди 29-солаи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд дастгир карда шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ рӯзи 21 май дар назди яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи мазкур моеъи ҷилодиҳандаи нуқрагинро ба маблағи  500 […]



Ду нафар марди 29-солаи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд дастгир карда шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ рӯзи 21 май дар назди яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи мазкур моеъи ҷилодиҳандаи нуқрагинро ба маблағи  500 доллари амрикоӣ фурӯхтаанд.

Гуфта мешавад, мувофиқи маълумотномаи ташхисӣ, моеъи мазкур маводи заҳролудкунандаи навъи “симоб” буда, вазнаш 16-килою 150-граммро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.