Густариши ҳамкориҳои зидди мухаддироти Тоҷикистону Русия

Дар доираи ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев бо директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Шерхон Салимзода гуфтушунид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД Русия, зимни суҳбат Колоколтсев қайд кардааст, ки ваколатҳои Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари ин кишвар пурра ба ихтиёр ВКД супурда […]



Дар доираи ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев бо директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Шерхон Салимзода гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД Русия, зимни суҳбат Колоколтсев қайд кардааст, ки ваколатҳои Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари ин кишвар пурра ба ихтиёр ВКД супурда шуда, дар ин робита, роҳандозии муносибатҳои созанда бо Агентӣ таркиби муҳимтарини баланд бардоштани самаранокии муқовимат бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт ба барномаҳои муштараки ҳамкорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, дар яке аз ин барномаҳо кумак ба Агентӣ барои солҳои 2015-2017 пешбинӣ шудааст, ки паҳлӯҳои густардаи ҳамкориҳоро дар бар гирифта, дар марҳилаи аввали он (солҳои 2012-2014) натиҷаҳои мусбат ба даст оварда шуд.

«Ҳамчунин тавсеъаи талоштҳои муштарак зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳам дар ошкор сохтани ҷиноятҳои мушаххас ва ҳам ҳангоми роҳандозии амалиёти бузургмиқёси пешгирии фаврӣ низ зарур аст», – гуфтааст Колоколтсев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.