Суғд: Ҳукми 6 соли зиндон ба узви «Ҳизб-ут-Таҳрир»

Як сокини вилояти Суғд барои узвият дар созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба 6 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як сарчашмаи муътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар ин робита хабар дод, суди шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) сокини ҳамин шаҳр Нурулло Ҳақназарови 24-соларо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307, дараҷ. 1, қ. […]

ASIA-Plus



Як сокини вилояти Суғд барои узвият дар созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба 6 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як сарчашмаи муътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар ин робита хабар дод, суди шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) сокини ҳамин шаҳр Нурулло Ҳақназарови 24-соларо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307, дараҷ. 1, қ. 2 и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ташкили фаъолияти созмони ифротгаро. Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам  додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст) гунаҳкор эътироф намудааст.

Қобили зикр аст, ки маҳкумшуда Нурулло Ҳақназаровро кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд моҳи феврали соли равон боздошт карда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.