Омбудсмен мухолифи бастани сомонаҳо бидуни санади расмӣ

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода бар ин назар аст, ки нисбат ба ширкатҳои фароҳамсози интернет, ки дастрасӣ ба сомонаҳои интернетиро бидуни санади расмӣ қатъ мекунанд, чора андешидан зарур аст. Дар маърӯзаи Омбудсмен барои соли 2015 дар фасли «Ҳуқуқ ба озодии ибрози ақида, дастрасӣ ба иттилоот  ва воситаҳои ахбори омма» дар ин […]

ASIA-Plus



Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода бар ин назар аст, ки нисбат ба ширкатҳои фароҳамсози интернет, ки дастрасӣ ба сомонаҳои интернетиро бидуни санади расмӣ қатъ мекунанд, чора андешидан зарур аст.

Дар

маърӯзаи Омбудсмен барои соли 2015

дар фасли «Ҳуқуқ ба озодии ибрози ақида, дастрасӣ ба иттилоот  ва воситаҳои ахбори омма» дар ин робита зикр мегардад, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқ ба озодии ибрози ақида, дастрасӣ ба иттилоот ва ВАО ҳуқуқи истифодабарандагони интернет ҳамчун истеъмолкунанда таъмин ва дар ҳолатҳои гузаронидани корҳои техникии профилактик шаҳрвандон пешакӣ огоҳ карда шаванд.

Дар маърӯза хотиррасон мешавад, ки соли сипаришуда ҳолатҳои баста шудани сомонаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ, аз қабили news.tj, tojnews.org, ozodi.org, 

ozodagon.com, faraj.tj, youtube.com, вконтакте.ru, facebook.com ва одноклассники.ru ба мушоҳида расид.

Зариф Ализода  дар маърӯза зарурати таъмини ҳамаҷонибаи дастрасии тамоми ВАО ба сарчашмаҳои расмии иттилоот, дар сомонаҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти судӣ ва мақомотиҳифзи ҳуқуқ бештар интишор намудани иттилоот дар бораи фаъолияти 

онҳо, тариқи ВАО бештар таблиғ намудани симои воқеии гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ, инчунин пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба чунин гурӯҳҳо ва таблиғу ташвиқи фарҳанги истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва интернет тавассути ВАО-ро таъкид месозад.

Дар ҳамин ҳол, қайд мешавад, ки тибқи маълумоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ соли 2015  тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасӣ ба як қатор 

сомонаҳои интернетӣ, ки ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ тааллуқ доранд ва ё маълумотҳои паҳнкуниашон манъгаштаро интишор намудаанд, маҳдуд карда шуданд.

Ғайр аз ин зикр мегардад, ки соли 2015 як қатор сомонаҳои мақомотҳои давлатӣ ва хабарӣ мавриди ҳамлаҳои рахнагарон (хакерӣ) қарор гирифтанд, ки қисми зиёди онҳо ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ алоқамандӣ доранд.

Дар маърӯза маълумот дода мешавад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ шумораи муштариёни 

интернети фаъол якҷоя бо муштариёни мобилии фаъол 2,9 миллион нафарро ташкил медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.