Суғд: Ҳукми 6 соли зиндон ба узви «Ҳизб-ут-Таҳрир»



Як сокини вилояти Суғд барои узвият дар созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба 6 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як сарчашмаи муътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар ин робита хабар дод, суди шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) сокини ҳамин шаҳр Нурулло Ҳақназарови 24-соларо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307, дараҷ. 1, қ. 2 и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ташкили фаъолияти созмони ифротгаро. Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам  додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст) гунаҳкор эътироф намудааст.

Қобили зикр аст, ки маҳкумшуда Нурулло Ҳақназаровро кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд моҳи феврали соли равон боздошт карда буданд.

spot_imgspot_img

Популярное