Артиши Тоҷикистон заъифтарин дар паҳнои пасошӯравӣ

Дар рейтинги глобалии навшудаи иқтидори низомӣ ( Global Firepower – 2016 ), ки тибқи маълумоти Раёсати марказии иктишофӣ (ЦРУ)-и ИМА аз сарчашмаҳои кушод таҳия гардидааст, миёни 126 кишвари ҷаҳон артиши Тоҷикистон зинаи 112-ум ( рейтинги соли гузашта – зинаи 116-ум)-ро ишғол мекунад. Дар рейтинг Global Firepower (GFP) қайд мекунад, ки тайи солҳои ахир дар артиши Тоҷикистон тагйироти […]



Дар рейтинги глобалии навшудаи иқтидори низомӣ (


Global Firepower – 2016


), ки тибқи маълумоти Раёсати марказии иктишофӣ (ЦРУ)-и ИМА аз сарчашмаҳои кушод таҳия гардидааст, миёни 126 кишвари ҷаҳон артиши Тоҷикистон зинаи 112-ум (


рейтинги


соли гузашта – зинаи 116-ум)-ро ишғол мекунад.

Дар рейтинг Global Firepower (GFP) қайд мекунад, ки тайи солҳои ахир дар артиши Тоҷикистон тагйироти назаррасе сурат нагирифтааст. Артиши Тоҷикистон дорои 37 танк, 46 мошинҳои зиреҳпӯш, 25 ҳавопаймои низомӣ, 4 ҳавопаймо барои тамрин, 20 чархболи таъиноти умумӣ ва 6 чархболи зарбазан мебошад.

Таҳиягарони рейтинг буҷети артиши Тоҷикистонро 75 млн. доллари ИМА ва шумори хизматчиёни артишро 6 ҳазор нафар арзёбӣ кардаанд.

Мувофиқи рейтинги нав, аз рӯи иқтидор артиши Тоҷикистон заифтарин дар паҳнои пасошӯравӣ аст. Миёни кишварҳои собиқи иттиҳоди Шӯравӣ Русия пешсаф аст, ки баъди артиши ИМА зинаи дуюмро ишғол мекунад.

Аз рӯи иқтидор артиши Украина дар зинаи – 30-юм, Ӯзбекистон – 48, Беларус – 49, Қазоқистон – 53, Озарбойҷон – 60, Гурҷистон – 80, Туркманистон – 86, Арманистон – 94, Литва – 97, Латвия – 103, Эстония – 109 ва Қирғизистон дар мақоми 110-ум ҷойгир шудаанд.

Дар қатори артишҳои ИМА ва Русия Қувваҳои мусаллаҳи Чин низ ба сегонаи пешсафон шомил аст. Дар даҳгонаи беҳтарин артишҳои ҷаҳон аз рӯи иқтидор айни замон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҳиндустон, Фаронса, Британияи Кабир, Ҷопон, Туркия, Олмон ва Италия низ қарор доранд.

Артишҳои заифтарини ҷаҳон Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (зинаи 126-ум), Сомали, Намибия ва Панама дониста шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.