Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон беш аз 360 кило маводи мухаддир сӯзонида мешавад. Оғози аксия соати 09-00; – Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00; – Дар Академияи дастаи «Истиқлол» дар деҳаи Алмосии Ҳисор бозиҳои даври дуюми Фестивали футболи КФО […]



Анонс

– Дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон беш аз 360 кило маводи мухаддир сӯзонида мешавад. Оғози аксия соати 09-00;

– Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00;

– Дар Академияи дастаи «Истиқлол» дар деҳаи Алмосии Ҳисор бозиҳои даври дуюми Фестивали футболи КФО миёни мунтахаби наврасони синни то 14-сола доир мегардад. Дар ин давр мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Непал бозӣ мекунад;

– Дар Душанбе дар мавзӯи «Рафтор дар ҷаҳони бисёрфарҳанг ва мултидинӣ («Поведение в многокультурном и мультирелигиозном мире») ва «Табиат, муҳит ва ҳуқуқи инсон» («Природа, среда и права человека») барои ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон нахустин тренинги муштарак гузаронида мешавад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8690

сомонӣ;


1

евро –

8.7968

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1177

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1921

– Эълони истиқлолияти давлатии Афғонистон.


2001

— Дар асоси платформаи Теҳрони Ҳизби демократи ҶТ дар кишвар ҳизби «Тараққиёт» таъсис дода шуд.


2003

— Дар Исфара нахустин Анҷуман-ҷашнвораи байнулмилалии мусиқии классикии «Шашмақом» баргузор шуд.


2008

— Дар Кӯлоб амалиёти боздошти гурӯҳи қочоқбарони маводи мухаддири Суҳроб Лангариев доир гардид.


2009

— Дар Душанбе омӯзишгоҳи САҲА оид ба идоракунии марзҳо ифтитоҳ гардид.


2010

— Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» нахустин парвоз тариқи хатсайри Душанбе-Киев-Душанберо анҷом дод.


1926

– Зодрӯзи журналист Бекназар Аҳмадов.


1942

– Мавлуди оҳангсоз Зокир Нишонов.


1945

– Зодрӯзи сарояндаи опера, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Бурҳон Муҳаммадқулов.


1949

– Мавлуди Арбоби шоистаи Тоҷикистон Ғуфронҷон Раҳимбоев.


1950

– Зодрӯзи овозхон Душанбе Паллаев.


1954

– Мавлуди нависанда Марина Некрасова.



Вазъи обуҳаво




Дар




вилояти




Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +15+20.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +19+24; дар шарқ шабона -2+3, рӯзона +7+12.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16 рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +18+23. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +29+31.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.