Меъёри нави санҷиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон нисбат ба баҳодиҳӣ ва санҷиш (андозагирӣ)-и сатҳи камбизоатӣ тарзу меъёри нав ҷорӣ шуд, ки ба таҳқиқи буҷети хонаводаҳо дар ҳар семоҳаи сол асос ёфтааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, ин тарзу меъёр бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва Департаменти Британияи Кабир оид ба рушди байнулмилалӣ таҳия гардида, нахустин методологияи миллӣ аст. Зикр […]



Дар Тоҷикистон нисбат ба баҳодиҳӣ ва санҷиш (андозагирӣ)-и сатҳи камбизоатӣ тарзу меъёри нав ҷорӣ шуд, ки ба таҳқиқи буҷети хонаводаҳо дар ҳар семоҳаи сол асос ёфтааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, ин тарзу меъёр бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва Департаменти Британияи Кабир оид ба рушди байнулмилалӣ таҳия гардида, нахустин методологияи миллӣ аст.

Зикр мегардад, ки иқдоми аввал барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ санҷиши он аст ва акнун ҳукумати Тоҷикистон мустақилона метавонад мизони камбизоатиро муайян кунад.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки камбизоатӣ дар Тоҷикистон хусусиятҳои худро дошта, ба гунаи мисол мавсимӣ мебошад, ки он дар фаъолияти мардум дар бахши кишоварзӣ ва интиқоли маблағҳои пулӣ, ҳамчунин дар як лаҳзаи кӯтоҳ «доро»шудани «камбизоатону» баръакси ин ҳолат ифода меёбад.

Гуфта мешавад, таҳқиқи вазъи хонаводаҳо чор маротиба дар як сол ба ҳукумат имкон медиҳад, ки шумори хонаводаҳои аз камбизоатӣ раҳоёфта ва ҳамчунин шумори хонаводаҳои ба камбизоатӣ гирифторшударо пайгирӣ намояд.

Тибқи маълумоти ахири Агентии омори назди президенти ҶТ, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 37% дар соли 2012 то ба 31% дар семоҳаи сеюми соли 2015 коҳиш ёфтааст.

«Тоҷикистон бахусус ба вазъҳои ғайримунтазира осебпазир аст: аз офатҳои табиӣ дар дохили кишвар то поинравии суръати рушди иқтисод дар Русия ва кишварҳои ҳамсоя. Дар чунин шароитҳо рақамҳои дақиқ ва боэътимод хеле муҳиманд, то ки шахсоне, ки сиёсатро дар ин самт роҳандозӣ мекунанд, барномаҳои унвониро барои аҳолии бештар ниёзманд беҳтар таҳия созанд», – таъкид меозанд дар Агентӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.