Таваҷҷуҳи Красноярск ба воридоти сабзавоту меваи Тоҷикистон

Наздики бист корхонаҳои кишвари Красноярски Русия, ки ба коркарду фурӯши сабзавоту мева машғуланд, ба роҳандозии робитаҳои мустақим бо субъектҳои хоҷагидори Тоҷикистон омодагӣ изҳор намудаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), чанд рӯз қабл аз номи муовини вазири рушди иқтисод, сиёсати сармоягузорӣ ва робитаҳои хориҷии кишвари Красноярск Антон Натаров мактуб […]



Наздики бист корхонаҳои кишвари Красноярски Русия, ки ба коркарду фурӯши сабзавоту мева машғуланд, ба роҳандозии робитаҳои мустақим бо субъектҳои хоҷагидори Тоҷикистон омодагӣ изҳор намудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), чанд рӯз қабл аз номи муовини вазири рушди иқтисод, сиёсати сармоягузорӣ ва робитаҳои хориҷии кишвари Красноярск Антон Натаров мактуб расида, дар он омодагии корхонаву ташкилотҳои Красноярск ба роҳандозии робитаҳои мустақим бо субъектҳои хоҷагидории Тоҷикистон изҳор шудааст.

Дар замима ба мактуб рӯхати ҳудуди 20 корхонаҳои кишвари Красноярск илова шудааст, ки ба коркарду фурӯши сабзавоту мева машғул мебошанд.

Мактуби Антон Натаров дар посух ба муроҷиати раиси ПСС Тоҷикистон Шариф Саид дар бораи интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба минтақаҳои Русия ва кишварҳои узви ИДМ ирсол шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.