Эрониён имсол ба зиёрати Хонаи Худо намераванд

Арабистони Саудӣ талаботи Эрон дар робита ба масъалаи иштироки зойирони эронӣ дар маросими ҳамасолаи ҳаҷро рад кард. Дар ин кишвар айбномаи Эрон доир ба аз ҷониби Арабистони Саудӣ «баста шудани роҳ ба сӯи Аллоҳ»-ро «қобили қабул намешуморанд». Вазири корҳои хориҷии Арабистони саудӣ Одил ал-Ҷубайр изҳор доштааст, ки Эрон иҷозати гирдиҳамойӣ гзаронидан ва имтиёзоти дигареро талаб […]



Арабистони Саудӣ талаботи Эрон дар робита ба масъалаи иштироки зойирони эронӣ дар маросими ҳамасолаи ҳаҷро рад кард. Дар ин кишвар айбномаи Эрон доир ба аз ҷониби Арабистони Саудӣ «баста шудани роҳ ба сӯи Аллоҳ»-ро «қобили қабул намешуморанд».

Вазири корҳои хориҷии Арабистони саудӣ Одил ал-Ҷубайр изҳор доштааст, ки Эрон иҷозати гирдиҳамойӣ гзаронидан ва имтиёзоти дигареро талаб кардааст, ки ба бетартибӣ дар маросими адои ҳаҷ дар шаҳрҳои муқаддаси ин кишвар боис шуда метавонанд.

Қаблан рӯзи якшанбе вазири фарҳанги Эрон Алӣ Ҷаннатӣ изҳор намуда буд, ки эрониён имсол ба зиёрати Хонаи Худо намераванд.

Соли 2015 дар маросими адои ҳаҷ беш аз 460 нафар зойирони эронӣ зери пойи издиҳоми бузург монда, ба ҳалокат расида буданд. Ҳукумати Эрон Арабистони Саудиро дар ғайриқаноатбахш ташкил кардани маъракаи ҳаҷ гунаҳкор хонд.

Моҳи январи соли равон бинобар сабаби оташзаниву ҳамлаи тазоҳургарон ба бинои сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон ва консулгарии кишвар дар Машҳад, Арабистони Саудӣ робитаҳояш бо Эронро қатъ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.