Медали нуқраи Дилшод Назаров дар мусобиқоти ИМА

Дар марҳилаи чоруми «Лигаи бриллиантӣ»-и варзиши сабук дар Юҷина (ИМА) гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,12 метр партофта, ба дарёфти медали нуқраи ин мусобиқот шарафёб гардид. Бино ба маълумоти Ассотсиатсияи байнулмиллии варзиши сабук (IAAF), зинаи якум дар ин мусобиқотро Павел Файдек аз Лаҳистон (Полша) бо натиҷаи 80,28 метр ва мақоми сеюмро бо […]



Дар марҳилаи чоруми «Лигаи бриллиантӣ»-и варзиши сабук дар Юҷина (ИМА) гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,12 метр партофта, ба дарёфти медали нуқраи ин мусобиқот шарафёб гардид.

Бино ба маълумоти

Ассотсиатсияи байнулмиллии варзиши сабук

(IAAF), зинаи якум дар ин мусобиқотро Павел Файдек аз Лаҳистон (Полша) бо натиҷаи 80,28 метр ва мақоми сеюмро бо натиҷаи 76,86 метр боз як варзишар аз ҳамин кишвар Войсех Новитский касб кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Дилшод Назаров дар мусобиқоти ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон барои ҷойи дувум

бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Дар ин мусобиқи ӯ гурзро ба масофаи 78 метру 34 сантиметр ҳаво дода буд.

Қобили зикр аст, ки Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Вай рӯзи 23 май ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки то охирҳои моҳи июн дар Ҷумҳурии Чех тамрин карда, ба Олимпиадаи Рио-2016 омодагӣ мебинад.

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001) мебошад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон (Инглистон) ҷойи 10-умро гирифтааст.

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.