Боздиди навбатии сарвазир аз МБГ Душанбе-2



Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода рӯзи 28 май бори навбатӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 шинос шуд.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, сохтмони ин иншоот  бар асоси созишномаи қарзии қаблан баимзорасида миёни ҳукумати Тоҷикистон ва «Эксимбонк»-и Чин ҷараён дошта, дар бунёди он беш аз 1000 мутахассиси тоҷик ва чинӣ ҷалб шудааанд.

Гуфта мешавад, сарвазири ҷумҳурӣ ҳамчунин аз маҳалли бунёди нуқтаҳои марказии тақсимоти  гармӣ ва шоҳқубурҳои  интиқоли  гармӣ дар қитъаҳои алоҳидаи шаҳри Душанбе ва мавзеи бунёди анбори нигоҳдории ангишт барои 450 ҳазор тонна боздид кардааст.

Ба сарвазир маълумот дода шудааст, ки айни замон корҳои бунёди МБГ дар марҳилаи дуюм ба андозаи беш аз 75 фоиз ба анҷом расида, 90 фоизи таҷҳизоти зарурӣ аллакай дастрас шудааст.

Расулзода ба роҳбарони сохторҳои дахлдори сохтмон дастур додааст, ки ба сифати корҳои сохтмон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон дар ин робита зикр гардида буд, ки давоми се соли оянда иқтидори МБГ Душанбе-2 бояд аз 100 МВт-и ҳозира то ба 400 МВт расонида шавад.

spot_imgspot_img

Популярное