Боздошти сокини Кобул бо беш аз 40 кило ҳашиш

Кормандони милитсияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 29 май шаҳрванди 52-солаи Афғонистон, сокини шаҳри Кобулро, ки муваққатан дар пойтахти Тоҷикистон иқомат доштааст, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон,  гумонбаршуда бо маслиҳати пешакӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чӯбеки ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҳаммаслаконаш маводи мухаддирро […]



Кормандони милитсияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 29 май шаҳрванди 52-солаи Афғонистон, сокини шаҳри Кобулро, ки муваққатан дар пойтахти Тоҷикистон иқомат доштааст, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон,  гумонбаршуда бо маслиҳати пешакӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чӯбеки ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҳаммаслаконаш маводи мухаддирро пинҳон кардаанд.

«Дар вақти гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ аз мавзеи пинҳонкардашудаи ҷинояткорон 40 килою 600 грамм маводи нашъадори навъи “ҳашиш” дарёфт ва мусодира карда шуд», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, барои муайян ва дастгир кардани ҳаммаслакони гумонбаршуда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот давом дорад.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.