Машғулиятҳои КБСС барои табибон дар ҳолати ҷароҳатҳои васеъ

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзиши 3 рӯза дар мавзӯи “Амалиётҳои таъҷилии табибон дар ҳолати ҷароҳатҳои васеъ” баргузор  мекунад. Давраи омӯзишӣ аз 1 ум то 3 юми июни соли 2016 дар шаҳри Гулистон давом карда, дар он 20 духтури амалкунанда муассисаҳои тиббии вазоратҳо […]



Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзиши 3 рӯза дар мавзӯи “Амалиётҳои таъҷилии табибон дар ҳолати ҷароҳатҳои васеъ” баргузор  мекунад.

Давраи омӯзишӣ аз 1 ум то 3 юми июни соли 2016 дар шаҳри Гулистон давом карда, дар он 20 духтури амалкунанда муассисаҳои тиббии вазоратҳо ва мақомотҳои гуногун иштирок мекунанд.

Ин омӯзиш аз принсипҳои эътирофшудаи байналмилалии ташхис ва табобати фаврии пас аз ворид шудани бемор ба шӯъбаи кӯмаки таъҷилӣ асос мегирад, ки мақсади он паст намудани беморшавӣ ва фавт дар натиҷаи ҷароҳат мебошад.

Ҳадафи омӯзиш такмил ва мустаҳкам намудани донишҳои амалӣ ва назариявӣ дар баҳодиҳии фаврӣ ва дақиқи ҳолати бемор; афзалият дар усулҳои эҳё ва устувор намудани вазъи бемор; қабули қарорҳо дар сатҳи дахлдори муассисаи тиббӣ, ки барои қонеъгардонидани талаботи бемор равона шудааст; мураттабсозии тиббӣ дар ҳолати дохил шудани шумораи зиёди ҷабрдидагон.

Ҳамин гуна давраҳои омӯзиш дар моҳҳои март ва апрели соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа гузаронида шуда буданд. То ба имрӯз, ба шарофати иштирок дар чунин омӯзишҳо, ки аз соли 2014 аз ҷониби КБСС гузаронида мешаванд, дар ҷумҳурӣ 128  табибон малакаҳои худро дар амалиётҳои таъҷилии табибон дар ҳолати ҷароҳатҳои васеъ, такмил додаанд. Бо мақсади кам кардани дастгирии беруна, аз ҷониби иштирокчиён тренерҳои маҳаллӣ муайян карда шуданд.

Баргузории ин омӯзиш бо мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолӣ имконпазир шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.