Баҳри ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, Хазинаи сулҳофарии Созмони Милали Муттаҳид ба амалисозии лоиҳаи «Ҳамкории наздимарзӣ баҳри таъмини сулҳи устувор ва рушд» шурӯъ кард.
«Мавҷуд набудани сарҳадҳои дақиқ, баҳамойии шароитҳои иҷтимоиву маишӣ, баҳсҳои идомадошта дар мавриди дастрасӣ ба захираҳои табиии камёб, тадриҷан ба афзоиши ташаннуҷи вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ оварда расониданд», – қайд мешавад дар маълумоти СММ.
Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа густариши ҳамкорӣ ва таҳкими эътимод миёни ҷамоатҳо ва ҳамчунин коҳиши шиддати вазъ ва пешгирии хатари дубора аз сар гирифтани воситаҳои хушунати фаромарзӣ унвон мешавад.
Гуфта мешавад, арзиши лоиҳа 3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, ба амалисозии он муассисаҳои СММ, аз қабили Барномаи рушди СММ, Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО), Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Барномаи ҷаҳонии ғизо ва Сохтори «СММ-Занон» оғоз кардаанд.
Қобили зикр аст, ки масофаи умумии марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил дода, то ҳол каме бештар аз 500 километри он расман таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.





