14 соли зиндон ба сокини пойтахт барои нияти ҷанг дар Сурия



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як шаҳрванди ҷумҳуриро ба иттиҳоми нияти иштирок дар даргириҳои мусаллаҳонаи Сурия ба 14 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ин робита иттилоъ дод, сокини шаҳри Душанбе Абдулло Юсуфов барои нияти иштирок дар ҷангҳои Сурия дар сафҳои созмони фаъолияташ мамнӯъи «Давлати исломӣ» ба муҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

«16 июни соли гузашта ӯ ба шаҳри Алмаато (Қазоқистон) рафта, баъди як рӯз тибқи хатсайр ба Туркия мерасад. Ин ҷо ӯ рӯзи 24 июн ҳамроҳ бо шаҳрванди Русия (Чеченистон) ва шаҳрванди Қазоқистон бо автомашина ба марзи Туркия ва Сурия раҳсипор шуда, аз он мегузаранд ва ба шаҳри Ҳалаб (Алеппо) меоянд. Дар ин шаҳр А.Юсуфов бо гурӯҳи ифротгарои «Ҷабҳат ан-Нусра» робита пайдо карда, дар тамрину омӯзишҳои ҳарбӣ, аз ҷумла истифода ва корбарии навъҳои гуногуни силоҳи оташфишони ҷангӣ иштирок мекунад», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, сипас баъди оғози зарбаҳои ҳавоии Русия ба ҷангиён, тасмим мегирад, ки Сурияро тарк кунад ва аз он ҷо ба Туркия фирор намуда, баъдан ба Тоҷикистон меояд. «9 феврали соли ҷорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро дар фурудгоҳи Душанбе дастгир карданд», – қайд кард сарчашмаи хабар.

Зимнан зикр гардид, ки суд Юсуфовро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 401-и КҶ ҶТ (Зархаридӣ) гунаҳкор эътироф намуда, дар мурофиа айбдоршаванда қисман ба гуноҳаш иқрор шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное