Пешсафии Тоҷикистон дар паҳнои пасошӯравӣ аз рӯи болоравии қурби доллар

Аз рӯи болоравии қурби доллари ИМА нисбати арзи миллӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ миёни кишварҳои паҳнои пасошӯравӣ Тоҷикистон зинаи аввалро ишғол намуд. Тибқи таҳлилҳои БелаПАН бо такя ба маълумоти мақомоти омори кишварҳо, давоми моҳҳои январ-марти соли равон қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ 12,57% (аз 6,9902 то ба 7,869 сомонӣ) афзудааст. Дар ин давра […]



Аз рӯи болоравии қурби доллари ИМА нисбати арзи миллӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ миёни кишварҳои паҳнои пасошӯравӣ Тоҷикистон зинаи аввалро ишғол намуд.

Тибқи таҳлилҳои

БелаПАН

бо такя ба маълумоти мақомоти омори кишварҳо, давоми моҳҳои январ-марти соли равон қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ 12,57% (аз 6,9902 то ба 7,869 сомонӣ) афзудааст.

Дар ин давра қурби доллари ИМА нисбат ба арзҳои миллӣ дар Беларус – 6,56% (аз 18.569 то 19.788 рубл), Украина – 4,86% (аз 24,000667 то 25,166002 гривна), Ӯзбекистан – 4,08% (аз 2.809,98 то 2.924,63 сӯм) ва Молдова – 1,78% (аз 19,6585 то 20,0088 лей) боло рафтааст. Дар Туркманистон қурб мисли пешина (3,50 манат) боқӣ мондааст. 

Тайи се моҳи аввали соли 2016 қурби доллари ИМА дар Қазоқистон —  0,81% (аз 339,47 то 336,73 танга), Арманистон — 1,28% (аз 483,75 то 477,55 драм), Латвия, Литва ва Эстонии — 2,40% (аз 0,9185 то 0,8965 евро), Озарбойҷон — 4,41% (аз 1,5594 то 1,4906 манат), Россия — 9,33% (аз 72,8827 то 66,0825 рубл), Қирғизистон — 10,01% (аз 75,8993 то 68,2986 сом) ва Гурҷистон — 10,34% (аз 2,3949 то 2,1472 лари) поин рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, моҳи май қурби доллари ИМА дар Беларус 2,99% боло рафта, ин кишвар зинаи аввалро касб кардааст. Зинаҳои баъдиро Қазоқистон (2,77%), Россия (2,72%), Латвия, Литва, Эстония (2,22%-ӣ), Молдова (1,17%) ва Ӯзбекистон (0,88%) ишғол кардаанд.

Дар Туркманистон қурби доллари тағйир наёфта, дар Тоҷикистон ба андозаи 0,01%, Украина – 0,08%, Қирғизистон – 0,18%, Арманистон – 0,22%, Озарбойҷон – 1,10% ва Гурҷистон – 3,75% поин рафтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".