Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнов рӯзи 2 июн бо ҳайати парлумонии Давлати Исроил таҳти роҳбарии вакили Кнессет Шарен Ҳаскел дидору гуфтушунид кард. Дар вохӯрӣ ҳамчунин сафири давлати Исроил дар Тоҷикистон хонум Кармела Шамир низ иштирок дошт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Исроил дар соҳаҳои иқтисод, кишоварзӣ, энергетика, саноат, тандурустӣ, маориф, саёҳат, илм ва фарҳанг баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад. дар ин замина ба зарурати тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба ва фаъол намудани робитаҳои байни доираҳои соҳибкории ду кишвар таъкид гардид.
Зимнан зикр мегардад, ки роҷеъ ба масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн низ табодули назар сурат гирифт.



