Ахири ҳафтаи гузашта раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Адҳам Абдуллозода ҷаласаи якуми тадорукотии Шӯрои «Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-ро баргузор кард.
Бино ба
иттилои
хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, ба ҳайати Шӯро намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамчунин ҷавонони донишҷӯи муқими хориҷи кишвар шомил гардиданд.
Ҳадаф аз таъсис Шӯро дастгирии маънавию иҷтимоии ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, мусоидат ба ҳаллу фасли мушкилоти онҳо ва роҳандозии ҳамкорӣ миёни вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар ин самт унвон мешавад.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз беш аз 30 ҳазор ҷавонони тоҷикистонӣ дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд.




