Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати муовини директори генералии корхонаи муштарак (КМ)-и «Зарафшон» Бобо Бобохонов ва менеҷери шуъбаи бехатарӣ ва экологияи корхонаи мазкур Қобил Турсунов парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Бино ба
иттилои
дафтари матбуоти Агентӣ, муайян карда шудааст, ки мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд моҳи январи соли 2015 дар ҶДММ КМ “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент санҷиши комплексии риояи талаботҳои қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист гузаронидаанд.
Дар натиҷа барои ҷойгир кардани партовҳо ва ифлос намудани муҳити зист дар соли 2014 пардохтҳои ҳатмии экологӣ ба маблағи 13 млн. 370,9 ҳазор сомонӣ муайян карда шуда, барои рӯёнидани маблағи мазкур ба суроғаи корхона мактуб ирсол карда шудааст.
Муовини директори генералии корхона Бобо Бобохонов ва менеҷери шуъбаи бехатарӣ ва экологияи корхонаи мазкур Қобил Турсунов бо мақсади саркашӣ аз супоридани пардохтҳои ҳатмии зиёни экологӣ дар соли 2014, моҳи марти соли 2015 ҳисоби пардохтҳои ҳатмии экологии корхонаро барои соли 2014 ба маблағи 561 ҳазору 726 сомонӣ тартиб дода, онро бо роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа кардаанд.
Бо мақсади муайян намудани воқеияти кор, асоснокии ҳисобҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва ҶДММ корхонаи муштараки “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент, ташхиси комплексии муҳосибӣ, кимиёвӣ ва экологӣ таъин карда шуда, ташхис аз ҷониби мутахассисони назорати давлатии молиявии Агентӣ бо ҷалби коршиносони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ-криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст.
Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки маблаги пардохти ҳатмӣ барои зиёни экологӣ, ки аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳаҷми 13 млн. 370,9 ҳазор сомонӣ таъин шудааст, боэътимод ва саҳеҳ буда, Бобохонов ва Турсунов кӯшиш кардаанд, ки аз пардохти ин маблағ саркашӣ намоянд ва ба ин васила ба давлати дар ҳаҷми ниҳоят зиёд зиёни молӣ расонидаанд.
Тибқи дастури хаттии Директори Агентӣ Рустами Эмомалӣ оиди бартараф намудани ин қонуншиканиҳо ва таъҷилан пардохт намудани пардохтҳои ҳатмии экологӣ, аз тарафи КМ “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент пардохтҳои ҳатмии экологӣ ба маблағи 13 млн. 370,9 сомонӣ ба пуррагӣ ба буҷаи давлат барқарор карда шудааст.
Қобли зикр аст, ки 75% ҳисса дар корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин ба ширкати чинии ZiJin Mining Group Co.Ltd ва 25%-и боқимонда ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ доранд
Аз рӯи ҳаҷми истихроҷи тилло КМ «Зарафшон» корхонаи бузургтарини Тоҷикистон мебошад. Корхона соли 1994 дар заминаи собиқ Комбинати тиллову маъдани Тоҷикистон таъсис дода шуд. То соли 2007 бастаи саҳмияҳои назоратии корхона ба ширкати бритониёии «Commonwealth & British Mineral Ltd» тааллуқ дошт.
Захираҳои ашёи хоми КМ «Зарафшон» аз конҳои Таррор, Ҷилав, Хирсхона, Олимпӣ ва як қатор конҳои хурди атрофи кони Ҷилав дар вилояти Суғд дастрас карда мешаванд.





