Ҳудуди 185 млн. сомонӣ қарзи «Барқи тоҷик» аз пардохти андоз

Дар рӯйхати навшудаи Кумитаи андози Тоҷикистон барои семоҳаи аввали соли 2016 қарзи ширкати «Барқи тоҷик» 184,9 млн. сомониро ташкил дода, аз ҳамаи дигар корхонаву ташкилотҳо бештар аст. Ҳамагӣ дар рӯйхати Кумитаи андоз 49 корхонаву ташкилотҳои қарзашон бузург зикр шудаанд, ки миёни онҳо КВД «Алюминсохтмон» бо маблаги қарзи – 15,6 млн. сомонӣ, ҶСК «Ресанда» – 12,7 […]



Дар рӯйхати навшудаи Кумитаи андози Тоҷикистон барои семоҳаи аввали соли 2016 қарзи ширкати «Барқи тоҷик» 184,9 млн. сомониро ташкил дода, аз ҳамаи дигар корхонаву ташкилотҳо бештар аст.

Ҳамагӣ дар рӯйхати Кумитаи андоз 49 корхонаву ташкилотҳои қарзашон бузург зикр шудаанд, ки миёни онҳо КВД «Алюминсохтмон» бо маблаги қарзи – 15,6 млн. сомонӣ, ҶСК «Ресанда» – 12,7 млн. сомонӣ, ҶСП «Оби Зулол» – 8,7 млн. сомонӣ, ҶСК «НБО Сангтӯда-1» – 7,7 млн. сомонӣ ва «Востокредмет» – 6,3 млн. сомонӣ ҳузур доранд.

Ғайр аз ин, дар бахши хусусӣ аз ҳама бештар ҶСП «Евразия» (4,1 млн. сомонӣ) ва КМ «Петролеум Суғд» (3,1 млн. сомонӣ) аз пардохти андоз қарздоранд.

Миёни операторони мобилӣ ва ширкатҳои фарҳамсози Интернет қарзи ҶСП «Вавилон мобайл» аз пардохти андоз – 2,7 млн. сомонӣ, ҶСП «ТК-мобайл» – 273,4 ҳазор сомонӣ, «Сатурн онлайн» – 2,6 млн. сомонӣ ва «Телеком техноложи» – беш аз 1 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Аз пардохти андоз «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» – 2,2 млн. сомонӣ ва «Фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа» – 693,7 ҳазор сомонӣ қарздоранд.

Гуфта мешавад, дар рӯйхати қарздорон аз пардохти андоз беш аз 50 корхонаву ташкилот ва ширкатҳо, соҳибкорони хусусӣ ва андозсупорандагони бузург ҳузур доранд, ки маблағи қарзи ҳар кадоме аз онҳо беш аз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.