Аз рӯи натиҷаҳои машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (ш.Остона, 8 июн) муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов ба хурналистон иттилоъ додааст, ки дар машварат оид ба такмили механизмҳои ҳамоҳангсозӣ дар бахши таъмини амният тавофуқ ҳосил шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Русия, Антонов изҳор доштааст, ки дар шароити афзоиши таҳдиду хатарҳои терроризми байнулмилалӣ ва ифротгароии динӣ роҳбарони вазоратҳои мудофиа муҳим будани амалҳои муштараки ҳамоҳангшуда барои таҳкими субот ва амният дар паҳнои СҲШ-ро таъкид намудаанд.
Гуфта мешавад, ғайр аз ин, дар машварат масоили омодагӣ ба размоишҳои муштараки «Рисолати сулҳовар-2016» (Мирная миссия-2016), ки «ҷасорати қотеъонаи кишварҳои СҲШ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиандозиро таҷассум мекунанд», низ баррасӣ шудаанд.
Анатолий Антонов қайд кардааст, ки дар машварат «натиҷаҳои назаррас»-и Конфронси 5-уми Маскав оид ба амнияти байнулмилии моҳи апрели соли равон ва конфронси Маскав оид ба Афғонистон тирамоҳи соли гузашта зикр гардидаанд.
«Ба амалҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Русия дар Сурия дар мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва кумак ба мардуми ин кишвар, аз ҷумла поккории қаламрави минтақаҳои озодшуда аз мина баҳои баланд дода шуд», – таъкид доштааст Антонов.
Зимнан зикр гардидааст, ки машварати навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ соли 2017 дар Қазоқистон баргузор мешавад.





