Шӯрои адлияи Тоҷикистон барҳам дода шуд

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ барҳам дода шуд. Бинo ба иттилои хадамоти матбуоти сарваи давлат, фармони мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқарраротҳои наве, ки дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ рӯзи 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ислоҳоти сохтории судии кишвар ворид карда шудаанд, равона гардидааст. Ба иттилои […]



Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ барҳам дода шуд.

Бинo ба иттилои хадамоти матбуоти сарваи давлат, фармони мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқарраротҳои наве, ки дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ рӯзи 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ислоҳоти сохтории судии кишвар ворид карда шудаанд, равона гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фармони сарвари давлат ба имзо расидааст.

Тибқи фармонҳои мазкур масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои адлия дахл доштанд, минбаъд дар доираи ислоҳоти сохторӣ мутаносибан ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардида, тамоми масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти мақомоти судӣ, таъмини моддию техникии ин сохтор, таъминоти кадрӣ, бозомӯзӣ ва такмили иҳтисоси кормандони судҳо, назорати судӣ аз болои фаъолияти судҳо, ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо аз ҷониби Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ амалӣ карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.