Муаррифии қарзи ипотекии «Спитамен Бонк» ба ширкати «Авитсенна»



“Спитамен Бонк” бо намояндагони ширкати “Авитсенна” вохӯрӣ гузаронида, дар рафти он дар бораи маҳсули нави худ – қарзи ипотекӣ маълумоти пурра пешниҳод намуд. Зимни вохӯрӣ бартариҳо ва шартҳои қарзӣ ипотекӣ, ки барои харид ва таъмири манзил пешбинӣ шудааст, муҳокима гардиданд.

Ба намояндагони ҶСШК “Авитсенна” доир ба тамоми масъалаҳо маълумот дода шуда, мисолҳои мушаххас ва тавсияҳо оид ба усулҳои беҳтари ҳалли масоил ҳангоми кор бо қарзҳои ипотекӣ пешниҳод гаштанд. Инчунин қайд гардид, ки қарз на танҳо барои хариди манзилҳои истиқоматӣ, балки барои сохтани хона ва ширкат кардан дар сохтмони шарикӣ низ дода мешавад.

“Мо аз пайдо шудани ин имконияти хуби тоза барои мизоҷонамон хушнудем. Аз тарафи худамон, гумон мекунам, метавонем ҳамроҳи шарикони сохтмон кӯшиш кунем, моли ғайриманқули барои харид муқарраршуда ҳамчун гарав қабул гардад, чунки, барои шахсоне, ки соҳиби амволи ғайриманқул нестанд, ин яке аз масъалаҳои душвор ба ҳисоб меравад. Пештар мо чунин қарздиҳиро дар ширкатҳои молиявии дигар баррасӣ карда будем, аммо чунин шароитҳои муносибро дар ягон ҷо, ғайр аз “Спитамен Бонк”, ба мо пешниҳод накарда буданд. Умедворам, ки ин танҳо қадами аввалин дар ин соҳа мебошад ва дар ояндаи наздик харидани хонаи худ боз ҳам осонтар мегардад”, – гуфт, баъд аз вохӯрӣ, директори тиҷоратии ҶСШК “Авитсенна” Комил Холиқов.

ҶСШК “Авитсенна” яке аз ширкатҳои муваффақест, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва сохтмони манзилҳои истиқоматии бисёрошёна фаъолият мекунад. Сохтмони манзилҳои истиқоматӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ширкат мебошад. Мувофиқи нақша солҳои 2016-2017 “Авитсенна” 104 ҳазор метри мураббаъ масоҳати манзилро ба истифода медиҳад. Имрӯз ширкат се лоиҳаи калони сохтмони маҷмааи манзили истиқоматии элитавиро дар қисми марказии Душанбе амалӣ месозад: “Ватан”, “Ҳушанг” ва “Симурғ”. Ҳар як маҷмааа аз 16 то 24 ошёна дорад.

spot_imgspot_img

Популярное