Ихроҷи 47 шаҳрванди хориҷӣ дар ҷараёни амалиёти «Нелегал-2016»

Ситоди милли Тоҷикистон аз марҳилаи якуми амалиёти махсуси муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳти унвони «Нелегал-2016», ки аз 10 то 31 май доир гардид, натиҷагирӣ кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, зимни баргузории амалиёт қонунӣ кору зиндагӣ доштани 15 ҳазору 74 хориҷиён ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ санҷида […]



Ситоди милли Тоҷикистон аз марҳилаи якуми амалиёти махсуси муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳти унвони «Нелегал-2016», ки аз 10 то 31 май доир гардид, натиҷагирӣ кард.

Бино ба

иттилои

дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, зимни баргузории амалиёт қонунӣ кору зиндагӣ доштани 15 ҳазору 74 хориҷиён ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ санҷида шуд.

Дар марҳилаи якум нисбати 285 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва қабулкунандагони онҳо, ки қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар Тоҷикистон вайрон намуданд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 47 нафарашон (ҳамин давраи соли 2015 – 13  нафар) аз қаламрави Тоҷикистон бо қарорҳои судӣ берун карда шуданд.

Гуфта мешавад, баргузории марҳилаи дуюми амалиёти мазкур аз 19 сентябр то 7 октябри соли равон дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.