ИМА: Ҳукм нисбати аъзои ҲНИТ садои мухолифинро сокит менамояд

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон изҳор медорад, ки ҳукм нисбаи аъзои фаъоли ҲНИТ садои мухолифинро дар Тоҷикистон сокит менамояд. Дар изҳороти сафорати ИМА дар ин робита қайд мешавад, ки рӯзи 2-юми июни соли 2016 мурофиаи судӣ нисбат ба аъзоёни Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) анҷом ёфта, ду нафар айбдоршавандагон – муовинони Раиси ҲНИТ Саидумар […]



Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон изҳор медорад, ки ҳукм нисбаи аъзои фаъоли ҲНИТ садои мухолифинро дар Тоҷикистон сокит менамояд.

Дар изҳороти сафорати ИМА дар ин робита қайд мешавад, ки рӯзи 2-юми июни соли 2016 мурофиаи судӣ нисбат ба аъзоёни Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) анҷом ёфта, ду нафар айбдоршавандагон – муовинони Раиси ҲНИТ Саидумар Ҳуссайнӣ ва Маҳмадалии Ҳаит ба ҳабси абад маҳкум гашта, ёздаҳ нафар аъзоёни дигар бошанд, ба мӯҳлати то 28 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

«Аз Ҳукумати Тоҷикистон изҳори хоҳиш намудем, ки мурофиаи судӣ ба таври шаффоф ва боадолат гузарад. Инчунин хоҳиш ба амал омад, ки ҳуқуқи айбдоршудагон тавассути риоя намудани ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки таҳти Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудаанд, ҳимоя карда шавад», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, сафорати ИМА ба ҳукумат оид ба роҳ надодани аҳли ҷомеа ҷиҳати иштирок кардан ва мушоҳида намудани раванди мурофиаи судӣ нигаронӣ изҳор менамояд. «Ин ва дигар воқеаҳо, ки вақтҳои охир сурат гирифтаанд, садои мухолифинро сокит менамоянд ва ба ширкати озод дар раванди рушди демократӣ дар Тоҷикистон монеъ эҷод менамоянд», – қайд мешавад дар изҳорот.  

Зимнан зикр мегардад, ки сулҳу субот, амният ва шукуфоии мунтазам, ки Тоҷикистон барои ба он ноил гаштан кӯшиш ба харҷ медиҳад, танҳо тавассути зоҳир намудани ӯҳдадориҳои қавӣ нисбат ба ҳимояи ҳуқуқи башар ва арзишҳои аслии озодӣ барои ҳамагон, инчунин таъмини раванди боадолати мурофиаи судӣ ва иштироки баробари шаҳрвандон дар раванди демократӣ ба даст хоҳад омад.      

Ёдрас мекунем, ки  Суди олии Тоҷикистон санаи 2 июн нисбати фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ 

ҳукм содир намуда

, муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.