Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахши амният

Дар шаҳри Маскав рӯзи 9 июн вохӯрии котибони Шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон Николай Патрушев ва Абдураҳим Қаҳҳоров доир гардида, дар ҷараёни мулоқот вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, таҳдиду хатарҳои аз қаламрави Афғонистон бармеомада ва ҳамчунин масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ва низомӣ-техникӣ баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Шӯрои амнияти Русия, зимни мулоқот мушкилоти […]



Дар шаҳри Маскав рӯзи 9 июн вохӯрии котибони Шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон Николай Патрушев ва Абдураҳим Қаҳҳоров доир гардида, дар ҷараёни мулоқот вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, таҳдиду хатарҳои аз қаламрави Афғонистон бармеомада ва ҳамчунин масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ва низомӣ-техникӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Шӯрои амнияти Русия, зимни мулоқот мушкилоти марбут ба иштироки шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар низоъҳои мусалалҳона дар сафҳои созмонҳои байнулмилалии террористӣ низ баррасӣ шуда, ба масъалаи ҳамкории дуҷониба дар бахши муҳоҷирати корӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз ҳамчунин бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиаи ФР, ВКД ФР, Хадамоти федералии амнияти Русия ва намояндагони КДАМ ҶТ, ВКД ҶТ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон машваратҳои коршиносони Шӯроҳои амнияти ҳарду кишвар оид ба масоили таъмини амнияти минтақавӣ ва байнулмилалӣ баргузор шудаанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.