Барои узвият дар сафҳои равияи мазҳабии фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» 6 нафар сокинони вилояти Суғд маҳкум карда шуданд.
Бино ба иттилои як манбаъи муътамади «Азия-Плюс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, суди ноҳияи Мастчоҳ 6 нафар сокинони ҷамоати Оббурдони ҳамин ноҳия – Абдуҷаббор Шарипов ва Суннатулло Мирзоев, ҳарду 33 сола, Рустамбек Қаландарови 42-сола, ҳар кадомеро ба 4,3 соли зиндон, Шароф Расулови 31-сола ва Миралӣ Раҳмонови 32-сола, ҳар кадомеро ба 3,8 соли зиндон ва Муҳаммадӣ Мирзоеви 28-соларо ба 4,6 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Онҳо моҳи марти соли 2016 аз ҷониби кормандони КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд боздошт шуда буданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи онҳо зимни муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Нижневартовски Русия давоми солҳои 2007-2012 бо даъвати имоми масҷиди ин шаҳр бо номи Салават ва лақаби «Ҳазрат» ихтиёрӣ ба сафҳои равияи динии «Салафия» пайваста, тибқи дастурҳои ӯ амал мекардаанд.
«Баъди ба ватан баргаштан низ онҳо ба фаъолияти худ идома бахшида, зимни суҳбат бо ҳамдеҳагон онҳоро барои пайвастан ба ин равия талқин мекарданд. Ҳангоми кофтукови манзили онҳо бисёр китобу варақаҳое дарёфт шуданд, ки дар он ақидаву афкори равияи Салафия тарғиб мешавад», – гуфт манбаъ.





