Эътимодномаи сафири нави Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Қирғизистон

Сафири нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Суҳроб Олимзода рӯзи 14 июн ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан  Абдилдаев нусхаи эътимодномаи худро супорид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, сарвари идораи сиёсати хориҷии Қирғизистон сафирро ба муносибати таъин гаштанаш ба ин мақоми масъулиятнок табрик гуфта, ба вай дар таҳкими минбаъдаи пайвандҳои анъанавии дӯстӣ […]

ASIA-Plus



Сафири нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Суҳроб Олимзода рӯзи 14 июн ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан  Абдилдаев нусхаи эътимодномаи худро супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, сарвари идораи сиёсати хориҷии Қирғизистон сафирро ба муносибати таъин гаштанаш ба ин мақоми масъулиятнок табрик гуфта, ба вай дар таҳкими минбаъдаи пайвандҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни ду кишвар комёбиҳо таманно кард.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.