Имомхатибони аъзои «Ихвонулмуслимин» 3-солӣ зиндонӣ шуданд



Бори нахуст дар Тоҷикистон ба гумони узвият дар гурӯҳи фаъолияташ мамнӯъи «Ихвонулмуслимин» (Бародарони мусалмон) ба аъзои ин гурӯҳ, имомхатибон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳукм содир шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров онҳро ба аз 3 то 3,4 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст. Ҳамаи онҳо хатмкардагони Донишгоҳи исломии Мадина (Арабистони Саудӣ) будаанд.

Ҷараёни тафтиш ва мурофиаи судӣ таҳти муҳри махфӣ доир гардида, аз ин рӯ, дар бораи ҷузъиёти масъала маълумот дастрас нагардид.

Ёдрас мекунем, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати 7 имомхатиби вилояти Суғд моҳи марти соли равон оғоз гардида, он замон ҳамаи онҳо ба ҳабс гирифта шуда буданд.

Мақомоти тафтишот бар ин назаранд, ки имомхатибони зикршуда аз минбари масҷидҳо миёни ибодаткунандагони худ, корҳои таблиғотӣ мебурдаанд, ҳарчанд ҳанӯз соли 2013 дар масҷидҳои кишвар насби камераҳои мушоҳидаи видеойӣ оғоз гардида буд. 

spot_imgspot_img

Популярное