Эмомалӣ Раҳмон «атрофиён»-и фарзандонашро иваз мекунад

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15 июн дар дастгоҳи иҷроияи худ ва Агентии зидди коррупсия тағийроти кадрӣ роҳандозӣ намуд. Ҳардуи ин сохтори давлатиро фарзандони сарвари давлат – мутаносибан Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ роҳбарӣ мекунанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо амри президент Ҷабборзода Одил Абдуқаҳҳор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз […]

ASIA-Plus



Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15 июн дар дастгоҳи иҷроияи худ ва Агентии зидди коррупсия тағийроти кадрӣ роҳандозӣ намуд. Ҳардуи ин сохтори давлатиро фарзандони сарвари давлат – мутаносибан

Озода Раҳмон

ва

Рустами Эмомалӣ

роҳбарӣ мекунанд.






Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо амри президент Ҷабборзода Одил Абдуқаҳҳор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ – сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳамчунин бо фармони сарвари давлат, Наимӣ Аламхони Қодириён бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба барҳам додани Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ, Муродзода Дустмурод Ҳайит аз вазифаи раиси Шӯрои адлияи ҶТ, Расулзода Нуриддин Ғафор аз вазифаи муовини якуми раиси Шӯрои адлияи ҶТ ва Пӯлодӣ Мавҷуда Комил аз вазифаи муовини раис – котиби Шӯрои адлияи Тоҷикистон озод карда шуданд.

Ҳамчунин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъин намудани Расулзода Нуриддин Ғафор ва Пӯлодӣ Мавҷуда Комил ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Ғайр аз ин, Бо Амри президенти бо сабаби барҳам додани Шӯрои адлия Завқизода Солеҳ Амин аз вазифаи Директори Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Дар навбати худ бо қарори ҳукумат Самадзода Навруз Абдулҳамид бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ба ҷойи ӯ Муродзода Дустмурод Ҳайит ба ин вазифа таъин карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.