Имомхатибони аъзои «Ихвонулмуслимин» 3-солӣ зиндонӣ шуданд

Бори нахуст дар Тоҷикистон ба гумони узвият дар гурӯҳи фаъолияташ мамнӯъи «Ихвонулмуслимин» (Бародарони мусалмон) ба аъзои ин гурӯҳ, имомхатибон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳукм содир шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров онҳро ба аз 3 то 3,4 соли зиндони […]

ASIA-Plus



Бори нахуст дар Тоҷикистон ба гумони узвият дар гурӯҳи фаъолияташ мамнӯъи «Ихвонулмуслимин» (Бародарони мусалмон) ба аъзои ин гурӯҳ, имомхатибон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳукм содир шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров онҳро ба аз 3 то 3,4 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст. Ҳамаи онҳо хатмкардагони Донишгоҳи исломии Мадина (Арабистони Саудӣ) будаанд.

Ҷараёни тафтиш ва мурофиаи судӣ таҳти муҳри махфӣ доир гардида, аз ин рӯ, дар бораи ҷузъиёти масъала маълумот дастрас нагардид.

Ёдрас мекунем, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати 7 имомхатиби вилояти Суғд моҳи марти соли равон оғоз гардида, он замон ҳамаи онҳо ба ҳабс гирифта шуда буданд.

Мақомоти тафтишот бар ин назаранд, ки имомхатибони зикршуда аз минбари масҷидҳо миёни ибодаткунандагони худ, корҳои таблиғотӣ мебурдаанд, ҳарчанд ҳанӯз соли 2013 дар масҷидҳои кишвар насби камераҳои мушоҳидаи видеойӣ оғоз гардида буд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.